Кӯдакон  ояндаи миллатанд

Дар кишварамон барои солиму соҳиби ҷаҳони бойи маънавӣ тарбия ёфтани кӯдак шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Чунончи, имрӯз дар мамлакатамон Муассисаи давлатии телевизиони “Баҳористон”, нашрияҳои бачагонаи “Анбоз”, “Чашма”, “Истиқбол” фаъолият доранд. Ҳамасола ҷиҳати ҷалби кӯдакон ба хондани китобҳои бадеӣ Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” ва ҷиҳати беҳдошти саломатии кӯдакон маъракаи эмкунӣ гузаронида мешавад. Дигар: чанд соли охир лоиҳаи телевизионии “Овози тиллоӣ” роҳандозӣ мегардад. Ва: соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон Стратегии миллии ҳифзи саломатии аҳолиро барои солҳои 2010- 2020 тасдиқ намуд, ки дар он масъалаи беҳдошти саломатии модару кӯдак мавқеи асосӣ дорад. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки кӯдакон таълиму тарбияи хуб гиранд, солиму хушахлоқ ба воя бирасанд, зебоипараст, ватандӯст ва меҳнатқарин бошанд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имкон дод, ки дар баробари муассисаҳои таълимӣ худи падару модарон низ барои таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддиро ҳис карда, ҷиҳати аз синни кӯдакӣ соҳибкасбу одами бомаърифат ба камол расидани фарзандон ҳиссагузорӣ намоянд.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code