Вохӯрии таассуротбахш

Вохӯрии таассуротбахш

Ба қарибӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия вохӯрии роҳбарони ташкилоту муассиса, корхона ва имомхатибон бо намояндагони суди иқтисодии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди корҳои нақшавӣ бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳолати татбиқи қонунҳо ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вохӯриро муовини якуми раиси ноҳия М. Сафаров ифтитоҳ бахшид

  Дар вохӯрӣ Сафарзода Н.,судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон, Курбониён Б.С, судяи суди иктисодии вилояти Хатлон, Шарифзода  О.О., котиби маҷлиси судии суди иқтисодии вилояти Хатлон суханронӣ намуданд, ки алҳол пешниҳоди хонандагони рӯзнома гардонда мешаванд.

   

  Рушди сайёҳӣ-омили   муҳими рушди иқтисодӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 чунин баён намуда буданд: Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Ба таъкиди Сарвари давлат сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми навбатӣ дар соли 2018  бошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин намудани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Дар ҳақиқат, сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳои алоҳида ба ҳисоб рафта, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар за

минаи кушишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ, соҳаи сайёҳӣ низ дар 27 соли мустақилият ва соҳибихтиёрии хеш ба маротиб рушд ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун кишвари кашфношуда ва гӯшае аз биҳишти рӯи замин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии “British Backpacker Society” аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд, ки далели гуфтаҳои болост.

Дар баробари ин, хушбахтона, бо эътироф аз талошҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари азизамон дар Осиёи Миёна оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ мавқеи мусбиро касб кард:

оҷонсии “ВВС” (Британияи Кабир соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард;

.шабакаи иҷтимоии “Глоб Спотс” (“GIolbe Spots”) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ (дар соли 2014) ҷой додааст;

нашри русии маҷаллаи маъруфи “Нешнл Ҷеографик” (“National Geographic”) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуд;

маҷаллаи Топ-100 дар соли 2015, 3 минтақаи Тоҷикистонро ва дар соли 2016 кӯҳҳои Помирро ба рӯйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд;

пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, дар соли 2015 ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардид;

аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2016, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад;

дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар соли 2017 назарсанҷӣ гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Тибқи маълумоти Форуми мазкур, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз мавқеи 119-ум ба 107-ум боло рафт.

Ҳамин тавр, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Паёми соли 2017) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки “Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст”.

Тоҷикистон аз қатори мамлакатҳое мебошад, ки захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати ҳайратангез ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои наву муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дошта, таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон-дӯстдорони сайру саёҳат ва шаҳрвандонро ҷалб кардааст. Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандони мамлакат низ кашфношуда боқӣ мондаанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми дастовардҳои фарҳангию ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби кишварамон ҳар чи бештар тарғибу ташвиқ карда шуда, дар самти рушди инфрасохтори соҳаи туризм тадбирҳои муассир андешида шаванд. Бо рушд додани соҳа имкон фароҳам меояд, ки дар ояндаи наздик иқтисоди миллӣ низ ба маротиб афзоиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум боло равад ва дар ин замина корҳое анҷом дода шаванд, ки ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ мусоидати амиқи мусбат мерасонанд.

   Сафарзода Н.,

  судяи суди иқтисодии

  вилояти Хатлон

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code