Танзим- баракати зиндагӣ

Танзим- баракати зиндагӣ

Соли 2019 аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 12 сол сипарӣ шуд. Қонуни мазкур маҳз бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ ва аз 8 июни соли 2007 қабул карда шудааст. Дар ин муддат мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намуданд, ки қабули қонуни мазкур саривақтӣ ва ба манфиати халқ равона шудааст. Он ягона санади меъёрию ҳуқуқиест, ки анъана ва ҷашну маросимҳои мардуми тоҷикро дар як низоми муайян пешбинӣ кардааст. Қабули ин қонун як қадами ҷиддӣ ва асосноки давлат аст. Бинобар ин, дигар давлатҳо таҷрибаи қабул ва татбиқи ин санадро омӯхта,  онро қобили қабул медонанд.

Дар моддаи 1-и қонуни номбурда мақсад, вазифа ва доираи амали он пешбинӣ карда шудааст, ки он аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи он танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Амали қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин, ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти ин қонун дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имкон дод, ки мо анъана ва ҷашну маросимҳои миллии худро дар як низоми муайян пешбинӣ карда, аз бегонапарастӣ, намоишдиҳӣ ва зоҳирпарастиҳо ҳуддорӣ кунем.

Агар ба таҷрибаи татбиқи қонуни мазкур назар афканем, ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар сурати қабул нагардидани он мо анъана ва ҷашну маросими бегонаро бештар қабул карда, ба бегонапарастиҳо омада мерасидем ва аз анъана ва ҷашну маросими миллии худ фаромӯш мекардем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баъзе шаҳрвандони мо, алалхусус ҷавонон, барои беҳдошти рӯзғор ба давлатҳои хориҷ, аз қабили Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бо машаққатҳои зиёд маблағи муайяни пулӣ ба даст меоранд, вале баъди баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатӣ ҷашнҳои бошукӯҳи серхароҷотро таҷлил намуда, маблағи ба даст овардаашонро дар муддати ҳамагӣ як ё ду рӯз хароҷот мекунанд. Сипас, бо гузаштани ин ҷашнҳои бошукӯҳ камбизоатӣ ва бепулӣ маҷбур мекунад, ки боз  ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Ҳол он ки агар ба исрофкорӣ роҳ дода нашавад, метавон маблағи ба даст овардашударо дар дигар корҳои рӯзгор масраф кард, ки минбаъд барои пешбурди зиндагӣ кумак намояд.

Вобаста ба такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2017 ба қонуни мазкур якчанд тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки он ба манфимати кор гардид.

Тавассути воситаҳои ахбори омма ҳама огоҳ шудем, ки тағйироту иловаҳоро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамаи шаҳрвандон якдилона  ҷонибдорӣ ва таклифҳои худро манзур намуданд. Таҷриба нишон дод, ки танзими анъана ва ҷашну  маросим баракати зиндагӣ буда, бешак барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро риоя намоем ва дар татбиқи одилонаи он саҳмгузор бошем.

  Қурбониён Б.С,

судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code