Халқ қувваи пешбарандаи ҷомеаро дар фаъолияти бонизоми ҲХДТ мебинад

Халқ қувваи пешбарандаи ҷомеаро

    дар фаъолияти бонизоми ҲХДТ мебинад

             (Гузориш аз семинар-машварати ҳизбӣ)         

Чанде кабл бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо ва имомхатибон дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 семинар-машварати ҳизбӣ баргузор  гардид.

Семинар-машваратро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳуснигул Одиназода ифтитоҳ бахшид. Баъдан, назди ҳозирин раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба сухан баромад.

Аблулло Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, такя ба супоришу дастурҳое, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи КИ ҲХДТ шуда буд, андешаҳо баён дошт. Аз ҷумла баён доштанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта гардидааст. Дастовардҳои давлат дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ афзунанд, чунончи, 16 ноябри соли гузашта агрегати якуми НБО Роғун ба истифода дода шуд, ҳадафи чоруми стратегии худ-аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба шакли саноатӣ-аграриро интихоб кардем ва ғайраҳо. Аммо дар ин марҳалаи ҳассос набояд фаромӯш созем, ки  вазъи сайёра ба куллӣ тағйир ёфтааст, ҳадафҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат торафт густурдатару муташанниҷтар мегардад, оянда бархӯрди манфиатҳо мардуми сайёраро ба мушкилотҳои сангин мувоҷеҳ хоҳанд гардонд, имрӯз таҳлилгарони сиёсӣ чунин вазъро ҷанги сард меҳисобанд, аммо имрӯз касе кафолат дода наметавонад, ки тақдири он бо чӣ меанҷомад. Аз ин лиҳоз, мебояд, ки бо таваҷҷуҳ ба оянда мавқеъгириамон баҳри ҳимояи сулҳу суботи давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, обу хоки диёр ҳадафноку мустаҳкам бошад.

Набояд фаромуш созем: дар давраҳое, ки қисмате аз миллатҳо давлат доштанд ва ё қисмате надоштанд, миллати тоҷик ҷаҳонгир буд, адабиёту фарҳанги воло дошт, сару либоси миллиашро бегона намекард. Ин ҷо суоле матраҳ мегардад, ки чаро тӯли ҳазорсолаҳо миллати тоҷик аз байн нарафт? Зеро ҷашну маросимашро, оину суннаташро, забонашро, фарҳангашро, либоси миллиашро пос дошт, пайрави забону фарҳанги бегонагон нашуд. Аммо қариб се даҳсола боз наҳзатиён- хизматгорони хоҷагони бегона ин миллати тамаддунсозу тамаддунофарро “мағзшӯӣ” доранд, ба мафкӯраашон заҳр омехта, ақидаҳои ботил ҷой мекунанд ва ба ин восита мехоҳанд ин миллат сатрпӯшу шиагаро бошад, ба ҷои Тоҷикистони зебои дунявӣ хилофат сохта, худ соҳиби мансабу дастгоҳи маишӣ шуда, халқро ғуломи худ гардонанд.

Дуруст аст, ки давлат бе оппозитсия намешавад, аммо ба шарте ки оппозитсия солим бошад, оппозитсияе, ки баҳри манфиатҳои миллату давлат масъалагузорӣ намояд, аз худ корҳои мусбӣ ва бунёдкорӣ нишон бидиҳад. Аммо наҳзатиёнро оппозитсия гуфтан нашояд, онҳо қонунан даҳшатафкан, тахрибкор, террорист эълон гардидаанд. Имрӯз дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, аз зери нохун чирк кофтагӣ барин айбҷӯӣ доранд, аз ҳар норасоию камбудӣ бонги изтироб мезананд, ба дастоварду муваффақиятҳо эрод мегиранд, аз мусибати ҳатто ба сари як оила омада(мисли аз Русия мурда овардан) хурсанд шуда, давлату миллатро сиёҳ карда, худро ғамхору ҳомӣ нишон дода, мехоҳанд байни мардум обрӯ ёбанд.

Имрӯз дар Афғонистон бар асари тахрибкорӣ ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ кушта мешаванд, аммо наҳзатиҳо мегӯянд, ки дар он ҷо демократия ҳасту дар Тоҷикистон не. Маҳзи ҳамин онҳо дар хориҷи кишвар ҷуз ташкилотҳои террористӣ дигар пушту паноҳ намеёбанд, зеро дар Аврупо ба таъсиси ҳизбҳои хусусиятҳои динидошта роҳ намедиҳанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ҳамчунин қайд карданд, ки имрӯз ба дӯши роҳбарон ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъулияти хеле зиёд меистад. Онҳо бояд бо фаъолияти пурҷабҳа, бо корҳои амалӣ, бо тафаккури созанда сазовори боварии мардум бошанд. Анҷоми корҳои нек дар маҳалҳо, ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонӣ, роҳ ёфтан ба дилу дидаи мардум метавонад обрӯ ва нуфузи ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ-ро дар маҳалҳо дучанд боло бардорад.

Мо таъкид медорем, ки роҳбари ташкилоти ибтидоӣ раиси маҳалла набошад, зеро вай вазифаҳои худро дорад. Аммо дар баъзе маҳалҳо раисони маҳаллаҳоро раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ интихоб мекунанд, ки ин шояд боварию эътимоди аҳолӣ ба ӯ бошад, дар ин ҳолат мо зид нестем. Ҳадаф як аст: халқ озодона қувваи пешбарандаи худро интихоб кунад, ба он эътимод дошта бошад, дар ҳама ҳолат ёвару мададгораш гардад. Ва бе ягон дудилагӣ метавон гуфт, ки имрӯз мардум чунин қувваро дар фаъолияти ҷонноки ҲХДТ мебинад, ки раисаш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар семинар-машварат раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад иштирок ва баромад дошт.

С. Ҳасанов

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code