Рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ: чархаи акуми НБО Роғун ба кор дароварда шуд

Рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ: чархаи акуми НБО Роғун ба кор дароварда шуд

 16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як сафҳаи нав боз гардид. Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ чархаи аввали НБО Роғунро ба кор дароварда, ба ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, ҳусни оғоз бахшид ва бо ҳамин ба Истиқлолияти энергетикии кишвар қадами устувор гузошта шуд.

НБО Роғун яке аз пуриқтидортарин иншоотҳои силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш буда, 6 агрегатро дар бар мегирад, ки тавоноии ҳар кадомӣ 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ иқтидори иншоот аз 3600 мегаватт иборат аст, ки дар минтақа назир надорад. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии НБО Норак якуним баробар афзун аст.

Фаъол гардидани чархаи аввали НБО Роғун дар сархати хабарнигорони воситаҳои ахбори омма қарор дошта, ҷараёни онро беш аз 200 нафар журналистони дохилию хориҷӣ ба воситаи шабакаҳо, нашрияю сомонаҳо инъикос намуданд.Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин дастоварди беназири худ ному шуҳраташро дар сатҳи байналмилалӣ аз ин бештар афзуд.

Бояд тазаккур дод, ки мавқеи сохтани НБО Роғун ҳанӯз соли 1931 дар замони шӯравӣ муайян гардида, лоиҳаи он аз ҷониби Институти “Гидропроект”-и Осиёи Марказӣ соли 1974 таҳия шуда, корҳои сохтмонӣ соли 1976 оғоз ёфта буд. Платформаи сохтмони НБО Роғун дар баландии 1000 то 1700 метр аз сатҳи баҳр буда, сохтмони садди он аз бастани маҷрои дарёи Вахш 27 декабри соли 1987 оғоз ёфт. Аммо низоъҳои дохилии ибтидои солҳои 90-ум сохтмони неругоҳро қатъ гардонд.

Танҳо даврони Истиқлолият ва кӯшишҳои ҷоннисорона, хиради ояндабинонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки орзуи деринтизори миллат ҷомаи амал пӯшад. Ҷаноби Олӣ таъкид дошта буданд: “Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишварҳои дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон, тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем”.

Ҳамин тавр, НБО Роғун кохи муҳташами нуре гардид, ки ҳар манзил ва қалби ҳар тоҷикистониро гармӣ бахшид ва ин нур ба хориҷ аз кишвар низ интиқол хоҳад ёфт.

В.Асрор

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code