Эмомалӣ Раҳмон-поягузори давлати навин

Эмомалӣ Раҳмон-поягузори давлати навин

 

  Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида буд, дар таърихи миллату давлат нақши муассир дорад. Зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин абармарди ҷонфидои миллат барои халқи азиз ва Ватани маҳбубаш он қадар қаҳрамониҳои бемисл нишон доду дар қалби мардум ошён гузошт, ки дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида. Маҳз афзудани садоқату муҳаббати бепоёни мардуми кишвар ба Пешвои худ, ки ҳар дақиқаю соати умри азизи хешро барои зинаҳои баланди тараққиётро соҳиб шудани Тоҷикистони азизу ба ҷон баробар, барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардидани он ҳамчун давлати тавоною муқтадир, барои хушбахтии халқи дӯстдоштааш сарф менамояд, 14 майи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби парлумони кишвар қабул ва аз ҷониби Президенти мамлакат ба тасвиб расид. Ба ин хотир, ҳамасола дар кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳманд таҷлил мешавад.

Корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафаҳоти таърихи миллат бемисл аст. Бо ҷонталошиҳои ин Қаҳрамони миллат, ки ба мардум ваъдаи “Ман ба Шумо сулҳ меорам” дода буд, оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш, Конститутсия, рамзҳои давлатӣ қабул, сулҳи сартосарии тоҷикон имзо гардид, барои пешгирии қаҳтию гуруснагии оммавӣ 75 ҳазор гектар замин ба халқ дода шуд, ҳама гуна ҳодиса ва зуҳуроти номатлуби харобкорӣ,  ҷинояту ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, кину қасос қатъ ёфта, волоияти қонун тантана кард, рукнҳои давлатдорӣ пурра ба фаъолмандӣ даромад, робитаҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои судманд бо аксар давлатҳои сайёра ба роҳ монда шуд, Тоҷикистон бо чаҳор пешниҳодҳои ба манфиати халқи сайёра нигаронидашудаи Сарвари худ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускору созанда эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард, аъзои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ислоҳот ба роҳ монда шуд, бо даъвати Роҳбари давлат мардум барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ камари ҳиммат баста, ба он қадар дастовардҳои беназире соҳиб гардид, ки тӯли ҳафтод соли шӯравӣ афсона менамуд. Ҳамин тавр, кишвар аз таназзул ба таҳаввул, аз рушди миёна ба рушди устувор гузашт.

Такя бо рӯҳияи замон, падидаҳои ҳаёти нав ва раванди ҷаҳонишавӣ маҳз бо ташаббусҳои неку ояндасози  Пешвои миллат чунин қонунҳои миллӣ қабул карда шуд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ». Ин санадҳои дар рӯҳияи давр қабулкардаи давлатамон имрӯз мавриди омӯзиш ва баҳрабардории дигар кишварҳо қарор ёфтаанд, ки  ифтихору сарбаландии ҳар яки мост.

Ҷиҳати аз мушкилоти роҳҳо баровардани мардум нақбҳои “Истиқлол”, “Шаршар”, “Шаҳристон” бунёд ёфтанд, роҳу пулҳо, гузаргоҳҳои манотиқи кишвар ба таври пурра таҷдид гардиданд.

Дар ҳар давру замон зан неруи созандаю бунёдкор ва такягоҳи боэътимоди давлат шинохта шудааст. Занони донишманду соҳибмаълумот баробари мардон рушди ҷомеаро таъмин менамоянд. Маҳзи ҳамин барои афзоиши шумораи духтарони маҳаллӣ ҳангоми қабул ба мактабҳои олӣ аз соли 1997 Квотаи Президентӣ таъсис ёфт. Айни замон, зиёда аз 5600 нафар духтарону писарони тибқи Квотаи Президентӣ дохилгардида ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Яке аз падидаҳои дигари хушҳолкунандаи ояндадор ин бо шароитҳои хуби зиндагӣ фаро гирифтани мардум ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасонии тандурустӣ мебошад. Маҳзи ҳамин ғамхориҳо дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73.5 сол расид. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ дар Тоҷикистон то соли 2030 80 солро ташкил хоҳад дод.

Бо шарофати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Дӯстӣ дар даврони истиқлолият рушд ёфт, симои худро ба куллӣ тағйир дод, сатҳи зиндагонии мардум бамаротиб беҳтару хубтар гардид. Фақат тайи чанд соли охир биноҳои хуштарҳу зебои маъмурии нозироти андоз, раёсати молия, суғурта, ҳифзи иҷтимоӣ, бо ҳимматбаландии соҳибкорон меҳмонхона, мағозаҳои хусусӣ… бунёд, роҳу кӯпрукҳо таъмиру тармим гардиданд. Чунин созандагию бунёдкорӣ оянда ҳам идома меёбад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ устуворона қадам мезанад. Ин кишвари офтобию биҳиштосоро фатҳи қуллаҳои аз ин ҳам баландтар дар пеш аст. Рӯзе хоҳад даррасид, ки дар раддаи мамолики пешрафтаи олам мавқеъ ёбад.

С. Ҳасанов

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code