ПАЙМОНИ ХИЁНАТПЕШАГОН”

ПАЙМОНИ ХИЁНАТПЕШАГОН”
Изҳороти  собиқадорони вилояти Хатлон

Мо, аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон ва Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, тавре аз расонаҳо огоҳ шудем, чор созмони ба қавле оппозитсионӣ- ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиён ба таври сунъӣ сохтаанд-Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба таври масхараомез байни худ “Созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.

Воқеан, хандадор ва шармовар аст ин паймонро “миллӣ” унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд. Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофуддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд.  Ба ин берӯгиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ҳар чори ин нафарон саҳнаи имзои созишномаро бозӣ мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин. Ин намоиши тақаллубӣ нишон дод, ки ҳизби наҳзатро ҳатто ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест.

Мо, собиқадорон, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидем, ба ҷавонон ҳушдор медиҳем, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад, ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон.

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои 90-ум расида буданд, дигарбора  расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Бо эҳтиром,

Саидқул Шомалангзода, Амон Боев, Ҳасан Раҳмонов, Абдувалӣ Шодиев, Давлат Ҳомидов, Ҳикматулло Султонов, Мирзо Бекматов.

Ва дар маҷмӯъ 60 имзо.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code