Масъулияти падару модар бештар мегардад

 Масъулияти падару модар бештар мегардад

Дар соли нави хониш муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 43 номи муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии рақами 43-ро гирифт. Зеро дар ин боргоҳи маърифат тариқи ҳашар 2 синфхонаи иловагӣ сохта ба ихтиёри хонандагони синфҳои 5-ум, ки  таҳсилро мебоист дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 идома медоданд, супурданд. Ҳамин тавр, роҳи дарозро пиёда паймудани хонандагони синфҳои панҷуму шашум хотима ёфт ва онҳо минбаъд дар муассисаи деҳаи худ таҳсил хоҳанд кард.

Дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Нурмуҳаммад Хол аз ин муассиса боздид карда, аҳли хонандагону омӯзгорон, падару модаронро бо 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози соли нави хониш, дарси сулҳ ва бунёди боз 2 синфхонаи иловагӣ шодбош гуфта, ба толибилмон хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, ба падару модарон алоқаи қавӣ бо мактабро  орзу намуд.

Бояд тазаккур дод, ки масъулияти падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии рақами 43, ки дар деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл воқеъ гардидааст, дар одобу хониши фарзандон хеле баланд мебошад. Далели ин ба мушоҳида нарасидани қонуншиканиҳо аз ҷониби хонандагон, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил кардани онҳо ва бо маслиҳати якҷояи падару модарон, тариқи ҳашар, сохта ба истифода супурдани боз ду синфхонаи нави иловагӣ мебошад, ки дар он беш аз 60 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Волидон фарзандонашонро бо сарулибоси ягонаи мактабӣ ва китобу ашёҳои дарсӣ ба мактаб равона доранд. Дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳми сарвари муассиса Бахтиёр Мирзоев, омӯзгорон ва, ҳамчунин, раиси маҳалла Талбак Раҳматуллоев зиёд мебошад.

Дар муассисаи таълимӣ 194 хонанда таълим мегиранд, ки аз ҷумла 40 нафарашон ба синфи якум, дар ду синф, шомиланд. Ба онҳо 15 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Дар соли нави хониш ба муассиса боз 4 муаллими нав омада, ба таълиму тарбияи фарзандони деҳа машғул гардиданд.

-Мо соли нави хонишро бо омодагии ҷиддӣ истиқбол карда бошем ҳам, аммо мушкилиҳо ҳастанд,- иброз дошт директори муассиса Б. Мирзоев,-Чунончи, мо барои як синфхонаи нав сохтаамон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 тахтаи синф ва мизу курсиҳо овардем, аммо ҳамин гуна ашёҳои хониш боз барои синфхонаи дигарамон, ки бояд оянда хонандагони синфи шашум таълим гиранд, низ лозим мебошад. Ҳамчунин, 4 адад компутер даркор аст. Фикр мекунам, ки соли равон ин мушкилот бо дастгирии масъулини шуъбаи маориф ҳал мегардад.

Оре, мушкиле нест, ки осон нашавад.

Ҳ. Ҳасанов

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code