“Худро аз ВНМО эҳтиёт кунед!”

“Худро аз ВНМО эҳтиёт кунед!”-таъкид доштанд аъзои гурӯҳи корӣ

 

  Чанде кабл дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҷавонони ноҳия вохӯрии намояндагони маҳаллаю деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, мудирони китобхонаҳои бахши фарҳанги ноҳия бо гурӯҳи кории ташвиқотию тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сарварии Сафаров Шодӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, баргузор гардид. 

Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия М. Мустафоқулов ифтитоҳ бахшид. Баъдан, назди иштирокдорони вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи меҳмонон Сафаров Шодӣ, Саидов Илёсиддин, директори Маркази ВНМО дар вилояти Хатлон, Худойбердиев Ҳаким, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон, Қамбарова Зебо, духтури момодояи Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон, Х. Саидвадиев, директори ВНМО-и ноҳияи  Дӯстӣ, ба сухан баромаданд.

Меҳмонон қайд карданд, ки имрӯз бемории вируси норасоии масунияти одам ба вабои аср табдил ёфта, ҷони ҷавони ҳазорҳо нафар одамони рӯйи оламро мерабояд. Чӣ мутахассисон, чӣ матбуоти даврӣ ва чӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъкид бар он медоранд, ки дар шароити кунунӣ ҳар муҳоҷири ба зодгоҳ баргашта, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз гирифтор будан ё набудани худ ба ин бемории марговар маълумот пайдо кунанд. Чунки дар муҳоҷират эҳтимолияти гирифторшавӣ ба ин беморӣ кам нест. Аввалан, агар ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми  муносибатҳои маҳрамона бо занони ба ин беморӣ гирифторшуда ВНМО-ро  қабул кунанд, дувум имкон дорад ин беморӣ аз таҷҳизотҳои тамъизнашудаи дуконҳои сартарошӣ, даҳонпизишкӣ, кошонаи ҳусн ва ғайраҳо низ ба ҷавонон, хоҳ зан бошад, хоҳ мард, гузарад. Эҳтимолияти дар дуконҳои дохили кишвари худ низ ба ин беморӣ гирифтор шудан вуҷуд дорад, чаро ки шумораи одамони ба ин маризӣ гирифторшуда сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад..

Меҳмонон иброз доштанд, ки дар ҷаҳон 40 миллион нафар инсон гирифтори бемории ВНМО буда, 2 миллиони он фавтидаанд. Дар вилояти Хатлон беш аз 2800 нафар ҷавонону кӯдакон ба ин бемории марговар мубтало гардидаанд, аз ҷумла дар ноҳияи Дӯстӣ 58 нафар. Фақат худи ҳамин сол дар ин ноҳия 6-7 нафар ба қайд гиирфта шудааст. Дар ин ноҳия  ҳамчунин, гузаштани бемории ВНМО аз модар ба кӯдак вуҷуд дорад.

  ВНМО масунияти одамро, ки муҳофизаткунандаи организм аз ҳама гуна бемориҳо мебошад, суст мекунад. Дар ҳолати  суст шудани системаи масуният, организми инсон қобилияти муқовимат ба хама гуна бемориҳо, махсусан, бемориҳои сирояткунанда(монанди сил)-ро гум мекунад. Доруҳое, ки барои боздоштани афзоиши сирояти ВНМО дар бадан равона карда мешаванд, мавҷуданд. ВНМО тавассути хун, нутфа(манӣ), тарашшуҳоти маҳбалӣ, шири сина мегузарад. ВНМО тариқи сулфа ва атса задан, истифодаи якҷояи зарфҳои ошхона, сачоқ, ҷилди болишт, ҷойпӯш, даст фишурдан, ба оғӯш гирфтан, бӯса кардан, газидани ҳайвонот ва ҳашаротҳо намегузарад.

Санҷиш ба ВНМО бепул ва бо хоҳиши худи шахс махфӣ(бе қайди маълумоти шиноснома) гузаронида мешавад. Табобати ин беморӣ ройгон(бепул) мебошад.

Х. Ҳасанов

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code