Даъвати тирамоҳӣ- 2018 Гусели ихтиёриён

Даъвати тирамоҳӣ- 2018 Гусели ихтиёриён.   Хушбахтии инсонҳо аз таъмини сулҳу субот, тинҷию оромии кишвар, дӯстию ҳамраъйӣ, садоқату вафодороӣ ба Ватан, рушди ҷомеа, иттиҳоду ҳамбастагӣ сарчашма мегирад. Имрӯз офтоби сулҳ, сафои рӯзгор, хандаи беғаши тифлони дӯстрӯю хушгуфтории ҷавонон дар кишварамон танинандоз аст. Кадом омил ба ин мусоидат дорад? Пеш аз ҳама посбонии фарзандони содиқи Ватан дар марзу буми Ватан! Оре, орзуи ҳар ҷавон ин буда, ки ба хизмати ҳарбӣ шомил шуда, сипари боэътимоди Ватан гардад ва дар осоиштагии сарзамин саҳми бориз гузорад. Маҳзи ҳамин рӯзи 1 октябри соли равон як гурӯҳ ихтиёриён бо ариза ба комиссариати ҳарбии ноҳия омада, хешро номнавис кардаю аз муоинаи тиббӣ гузашта, омодагии хешро баҳри посбони марду буми Ватани ҷоноҷон гардидан изҳор намуданд. Ба ин муносибат падарону модарони ихтиёриён, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарияти ноҳия, сарварони мақомоти қудратӣ дар саҳни майдони комиссариати ҳарбии ноҳия ҷамъ омада буданд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри гусели ихтиёриён созу таронаи дилнишин пешкаш менамуданд. Ниҳоят лаҳзаи чорабинӣ фаро расид. Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Нурмуҳаммад Хол ҷавонони содиқи Ватанро барои ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран раҳсипор шуданашон шодбош гуфта, матонату сарбаландӣ орзу намуд. Ба ихтиёриён як сарутанӣ либосҳои сабуки варзишӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, қисмате аз падару модарон ва ихтиёриён ба сухан баромада, аз шукуфоии Ватан, ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароитҳои хуби қисмҳои ҳарбӣ сухан гуфтанд. Баъди ин бо як ҷаҳон шодию нишот ихитёриён гусел карда шуданд.   С. Аҳмадбеков

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code