Monthly Archives: Июн 2018

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз!!!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз!!! Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 26.06.2018 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ чорабинии пуршукуҳе баргузор гардид. Аксҳо аз рафти чорабини.

Чорабини маърифатӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ.

Чорабини маърифатӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ. 23 июни соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муборриза алайҳи нашъамандӣ чорабинии маърифатӣ  баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи наркологии КАТС-и ноҳия Маркази наркологии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба сухан баромада, роҷеъ ба зиёни ин падидаи номатлуб ба ҷомеа, хусусан… Read More »

Таҳаммулпазирӣ дар таълимоти Имоми Аъзам      Дар ислом  бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият на танҳо нисбати муътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ мақоми хос дорад. Пайғамбари Худо –Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва салам низ дар ҳадисе мефармояд; «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон меписандед, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, муъмин нестед».… Read More »

Подоши сохтакориҳо дар азхудкунии маблағҳо

Қонун ва ҷазо   Подоши сохтакориҳо дар азхудкунии маблағҳо Беҳтарин сифатҳои ҳамидаи инсон, тавре ки аз меъёрҳои ахлоқӣ, аҳкоми динӣ ва пандҳои башарӣ бармеоянд, ин бо обилаи кафи даст, бо арақи ҷабин ва бо заҳмату талошҳои софдилона нони ҳалол ёфта хӯрдан аст. Чун ризқу рӯзӣ аз меҳнати ҳалол сарчашма гирифту луқмаи даҳон дар ҷисм ош… Read More »

Аз маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия

Аз маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Майдончаҳои варзишӣ ҳатман сохта шаванд Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия, ки 11 июни соли равон сурат гирифт, масъалаи вусъат додани корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад Хол қайд карданд, ки моҳи апрели соли 2017, яъне… Read More »

Хиёнаткор подоши хиёнаташро гирифт

Хиёнаткор подоши хиёнаташро гирифт    Намоиши барномаи шабакаи телевизиони Тоҷикистон бо номи «Решаҳои ноаён» ҳеҷ як фарди ватанпарвару хештаншинос ва баору номуси кишварро бетараф гузошта наметавонад. Зеро дар он сухан аз хиёнаткориҳои як тан аз наҳзатиҳои ифротгаро, балвогар, ғасбгари давлати конститутсионӣ ва ниҳоят террористу экстремист меравад. Ва он ҳам фарзанди миллати тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,… Read More »

Мубаллиғи шиамазҳаб ва хиёнаткори Ватан зиндонӣ гардид

Мубаллиғи шиамазҳаб ва хиёнаткори Ватан зиндонӣ гардид Ахиран, василаи матбуоти даврӣ хабари дастгир гардидани Саид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз саркардагони ҲНИТ, ҳизбе, ки тибқи қонун ҳамчун ҳизби террористию экстремистӣ эълон гардидаю фаъолияташ қатъ карда шудааст, ба мардуми кишвар паҳн шуд. Ҳамин тавр, ҳақ ба ҳақдор расид ва ин хиёнаткори давлату миллат подоши разилиҳояшро гирифт. Чӣ… Read More »

Ибрози ақидаҳо оиди филми мустанади «Решаҳои ноаён»

Ибрози ақидаҳо оиди филми мустанади «Решаҳои ноаён» Баъд аз пахши филми «Решаҳои ноаён» мо ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки дасисаҳо ва миллатгароии наҳзатиён боиси нафрату лаънатхонист. Ба ҷавонон муроҷиат менамоем, ки ин таърихи талх дарсест то ҷавонон ба ин хатогиҳо роҳ надода, ба гуруҳҳои экстремистӣ, террористӣ шомил нашуда, он Ваҳдатеро, ки… Read More »

Ибрози ақидаҳо оиди филми мустанади «Решаҳои ноаён»

 Ибрози ақидаҳо оиди филми мустанади «Решаҳои ноаён» Ман ҳамчун ҷавон баъд аз тамошои филми мустанади «Решаҳои ноаён» ба хулосае омадам, ки хоини миллат Эшони Қиёмиддин Ғозӣ бояд нест карда шавад. Чунки вай дохили Тоҷикистон шуда, ободии диёри азизи моро дид, ва албатта ангушти пушаймонӣ газид. Аммо хиёнати кардаи ӯро ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон намебахшам. Чунки… Read More »

Иди Саиди фитр роҳ ба сӯи қалбҳои ҳамдигар буд

Иди Саиди фитр роҳ ба сӯи қалбҳои ҳамдигар буд     Санаи 15 июни соли 2018, соати 6.00 дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеи ноҳия намози иди Саиди фитр баргузор шуд. Намозгузорони масҷиди ҷомеи ба номи Холид ибни Валид бо сарулибоси тозаю озодаи идона, чеҳрахои шукуфон, нигоҳҳои гарм, қалбҳои моломоли давлату давлатдорӣ, шуергузорӣ аз тинҷию аммонии кишвар, файзу… Read More »