Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Сармутахассис – саркишоварзӣ раёсати кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811 сомонӣ

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия

  1. Сармутахассис-муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Навзамин – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774 сомонӣ
  2. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 774 сомонӣ
  3. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Нури Вахш– 1 ҷой, маоши мансабӣ– 634 сомонӣ
  4. Мутахассиси пешбар ҳамоҳангсозии масъалаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кор бо хоҷагиҳо(хонавода)-и Ҷамоати деҳоти Нури Вахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 634 сомонӣ
  5. Сармутахассис-муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 774  сомонӣ
  6. Сармутахассис (сармуҳосиб) – масъалаҳои буҷет, омори Ҷамоати деҳоти Навзамин– 1 ҷой, маоши мансабӣ 774 сомонӣ
  7. Сармутахассис-муҳандиси заминсози  Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774 сомонӣ
  8. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ- масъалаҳои вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбӣ, комиссарияти ҳарбӣ, кор бо ҷавонони Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 634 сомонӣ
  9. Сармутахассис-муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774 сомонӣ

Довталабони дорои маълумоти олии тахассусашон ба мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқ метавонанд бо пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо:

– ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2-дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи шиноснома

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ  (шакли 086  УЕ);

– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушахасси андозсупоранда;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои ишғоли мансаби мутахассис

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Ба суроғаикучаи А. Рудакӣ ноҳияи Дӯстӣ бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Тел: – 21-331, 21-520, факс: 83248-2-18-00 муроҷиат намоянд.

Шарҳи худро гузор

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code